ҚАБУЛИ АРЗУ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲР

ҚАБУЛИ АРЗУ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲР

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” субҳи 25 декабри соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қабули арзу муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода баргузор гардид.
Дар ин рӯз маҷмӯъан 30 нафар сокинони шаҳру деҳот доир ба масъалаҳои гирифтани замини наздиҳавлигӣ, кӯмакҳои молиявӣ, ҳалли баҳсҳои оилавӣ, гирифтани шаҳодатномаи таваллуди фарзанд, таъсис ва баҳси хоҷагиҳои деҳқонӣ ва мусоидат ҷиҳати таъмин шудан бо оби нӯшокӣ муроҷиат намуданд.
Раиси шаҳри Истаравшан зимни гуфтугӯи озод бо шаҳрвандон муроҷиат ва дархосту шикояти онҳоро қабул намуда, бобати ба қайд гирифтани муроҷиатҳо ва ҳалли саривақтии онҳо ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ёдовар мешавем, ки қабули арзу муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳри Истаравшан ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дар дигар рӯзҳои ҳафта аз ҷониби муовинони раиси шаҳр қабули муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон доир ба масъалаҳои мухталиф баргузор мегардад.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан  

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*