ҚАБУЛИ САЙЁРИ АРЗУ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН ДАР ДЕҲОТИ “ЧОРБОҒ”

Субҳи 2 феврали соли 2022 дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супориши раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва тибқи нақшаи тасдиқгардида дар деҳоти “Чорбоғ” раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода якҷо бо роҳбарияти сохторҳои дахлдори шаҳр арзу муроҷиати шаҳрвандонро қабул намуд.

Зимни қабули шаҳрвандон сокинони деҳаҳои ҷамоат доир ба масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла баромадан ба нафақа, таъмири роҳ, баҳси замин, гирифтани кӯмакҳои молиявӣ ва таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ муроҷиат намуданд. Дар ҷараёни қабули муроҷиатҳо ва гуфтугӯи озод бо шаҳрвандон раиси шаҳри Истаравшан бобати ҳалли саривақтии онҳо ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Тибқи нақшаи тасдиқгардида қабули сайёри арзу муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳри Истаравшан дар дигар ҷамоатҳои деҳот низ минбаъд идома дода мешавад.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан     

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*