ҶАЛАСАИ ВАСЕИ КОМИССИЯИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ ДОИР ГАРДИД

6 майи соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд, раиси Комиссияи вилоятии даъват Даврон Зоҳидзода, Комиссари ҳарбии вилоят полковник Давлатшоҳ Мирзозода, аъзоёни комиссияи шаҳрӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, кумитаҳои маҳалла ва дигар шахсони масъул ҷаласаи васеи комиссияи даъвати баҳории ҳарбӣ доир гардид.
Дар кори ҷаласа нахуст гузориши комиссари ҳарбии шаҳр полковник Сулаймон Давронзода шунида шуда, тавре иттилоъ дода шуд, аз оғози маъракаи даъват то имрӯз иҷрои нақша дар ҳудуди шаҳр ҳамагӣ 57 фоизро ташкил медиҳад.
Зимни муҳокима ҷараёни иҷрои нақшаи даъват дар шаҳри Истаравшан нокифоя арзёбӣ гардида, барои вусъати корҳо супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*