ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ “ДЕҲА БА ДЕҲА” ОИД БА НАМУДИ ФУТБОЛ БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН”

Футбол яке аз намудҳои оммавитарини варзиш ба ҳисоб рафта, он натанҳо ҳамчун падидаи варзишӣ, балки ҳамчун падидаи сиёсӣ эътироф шудааст. Футбол аз ҳама намуди маъмул ва дӯстдоштатарини омма буда, механизми муҳим барои инкишофи ҷисмониву руҳӣ ва тарбияи шахс, алалхусус наврасону ҷавонон ва ҷалби аҳолӣ ба тарбияи ҷисмонӣ ба ҳисоб меравад.
Баҳри боз ҳам оммавӣ гардонидани ин намуди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар шаҳри Истаравшан бахшида ба 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили мусобиқаи “Деҳа ба деҳа” оид ба намуди футбол ташкил ва баргузор гардид, ки дар он дастаҳои беҳтарин ширкат варзиданд.
Тавре қаблан иттилоъ дода шуда буд, соли ҷорӣ дастаи футболбозони “Истаравшан” оид ба намуди футбол байни деҳаҳо дар марҳилаи якум ва дуюм ширкат варзида, дар даври ҷумҳуривӣ ғолиби мутлақи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба намуди футболи “Деҳа ба деҳа”, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, сазовор шуданд.
29 декабри соли ҷорӣ бо иштироки раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода қисмати финалии мусобиқаи “Деҳа ба деҳа” оид ба намуди футбол, ки бахшида ба 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба даст овардани “Ҷоми раиси шаҳри Истаравшан” баргузор гардид.
Зимни суханронӣ раиси шаҳри Истаравшан мухлисон ва бозингарони дастаҳоро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрику муборакбод намуда, таъкид бар он дошт, ки бо ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш махсусан футбол сол то сол рушд ёфта истодааст ва ҷавобан ба ин ғамхориҳо наврасону ҷавонон бояд дар оммавӣ ва боз ҳам рушд намудани соҳаи варзиш саҳми босазои худро гузошта, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва аз шомил гардидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ худдорӣ намоянд.
Дар қисмати финалии мусобиқа дастаҳои “Ҷавоҳирот” ва “Садова” қувваозмоӣ намуданд, ки бозингарони ҳар ду даста фаъолона ширкат варзида, дар натиҷа бар ҳисоби 2:0 дастаи “Садова” ғолиби мутлақи мусобиқа гардиданд ва сазовори “Ҷоми раиси шаҳри Истаравшан” дониста шуданд.
Дар фарҷоми мусобиқа аз ҷониби раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бозингарони беҳтарин дар номинатсияҳои “Дарвозабони беҳтарин”, “Ҳамлагари беҳтарин”, “Ҳимоятгари беҳтарин” ва “Нимҳимоятгари беҳтарин” бо дипломҳои дараҷаи I, II ва туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

         

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*