АВВАЛИН ДАСТОВАРДИ ҶАВОНОНИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН ДАР МУСОБИҚАҲО БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОМИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД

АВВАЛИН ДАСТОВАРДИ ҶАВОНОНИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН ДАР МУСОБИҚАҲО БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОМИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД

11- уми майи соли равон дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд маросими кушодашавии мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре иттилоъ дода шуд, мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯйи 22 намуди варзиш барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд ташкил карда шуда, то санаи 26 майи соли равон идома меёбад. Варзишгарони шаҳри Истаравшан, ки аз рӯйи 10 намуди варзиш фаъолият мебаранд, дар ин мусобиқа барои такмил додани маҳорати варзишӣ ва ба даст овардани Ҷоми Раиси вилояти Суғд иштирок менамоянд.
Вобаста ба ин дар шаҳри Истаравшан мусобиқаи шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд бо иштироки роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Истаравшан Бобозода Фозил оғоз гардида, дар он зиёда аз 100 нафар варзишгарони вилояти Суғд аз ҷумла устодони варзиши дараҷаи байналмилалии ФД ва 12 нафар варзишгарони шаҳри Истаравшан байни худ қувваозмоӣ намуданд. Мусобиқаи мазкур рӯзи дуввум бо иштироки муовини раиси шаҳр Наимҷонзода Нигора ҷамъбаст гардид. Ғолибони мусобиқа аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бо диплом, медал ва туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ карда шуданд.
Боиси ифтихор аст, ки дар ин мусобиқа шаҳри Истаравшанро байни бонувони варзишгар Ҷумаева Шоҳсанам намояндагӣ намуда, сазовори ҷойи дуввум гардид. Бояд қайд намуд, ки Ҷумаева Шоҳсанам 4 карат Чемпиони Тоҷикистон оид ба намуди шоҳмот (бонувон) байни наврасон мебошад. Мусобиқаҳо барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд аз рӯйи намудҳои гуногуни варзиш ҷараён дорад.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*