Аксияи «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!»

Тибқи дастури Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан иқдоми «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!»-ро дар арафаи баргузории Интихоботи Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллаии вакилони халқ барпо намуд, ки дар он фаъолони ҳизб, собиқадорон, номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҷавонон, аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» иштирок намуданд. Дар оғози чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Комил Мирзоев иштирокчиёнро бо омад-омади баҳори нозанин табрик намуд. Сипас дар назди ҳозирин дар бораи муҳтавои барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ суханронӣ намуда, ҳадафҳои созандаю ободкоронаи ҳизбро муаррифӣ кард. Ҳамчунин афзуд, ки ҲХДТ ҳизби бунёдкору созанда дар ҷумҳурӣ шинохта шуда, ба эҳтирому эътиқоди мардум сазовор гаштааст, ки аз ин мо – ҳизбиён ифтихор менамоем.
Дар рафти чорабинӣ озмунҳои зеҳнӣ дар мавзӯи интихобот гузаронида шуд, ки ҷавонон хеле фаъолона иштирок намуданд. Ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Иқдомро баромади ҳофизони номдори шаҳри Истаравшан шукӯҳи тозае бахшид.
Дар аксия зиёда аз 2000 нафар сокинон иштирок карданд.
Гарчанде ҳаво боронӣ буд, вале иштирокчиёни иқдом онро то охир ҳамроҳӣ намуданд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*