Аёдати занони собиқадори меҳнатии шаҳри Истаравшан дар иди “Рӯзи Модар”

Бо мақсади иҷроиши дастуру ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзода ва муовини раиси вилояти Суғд Баҳоваддин Баҳодурзода чанде аз шахсиятҳои маъруфи истаравшандиёр, собиқадорони меҳнат, ходимони давлатию сиёсӣ, омӯзгорони собиқадор, кормандони шоистаи соҳаи тандурустӣ ва фарҳангро аёдат намуданд.
Раиси шаҳри Истаравшан ва муовини раиси вилоят ба манзили собиқадорони меҳнат Саломат Додоева, Зӯҳро Шодиева, Ранои Сафарзод ва Фотима Шарипова ташриф оварда ба муносибати иди баҳору зебоӣ ва фархунда,- “Рӯзи модар” табрику муборакбод намуда саҳми онҳоро дар таҳкими арзишҳои миллӣ, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ ва меҳнати фидокорона арзанда ва сазовор арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки ҳаёту зиндагӣ ва корнамоии ҳар кадоми онҳо боиси ифтихори мардуми сарбаланди кишвар ва намунаи ибрати имрӯзу фардо аст.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*