Аёдати кӯдакони Муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кӯдаки “Фарзанди Ватан” – и шаҳри Истаравшан дар арафаи иди саиди Фитр

Аёдати кӯдакони Муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кӯдаки “Фарзанди Ватан” – и шаҳри Истаравшан дар арафаи иди саиди Фитр

13 майи соли равон масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо ҶДММ “Покиза” ба муассисаи давлатии Маркази дастгирии оила ва кӯдаки “Фарзанди Ватан”-и шаҳр ташриф оварда, кӯдаконро ба муносибати иди саиди Фитр аз номи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода табрику таҳният намуданд.

Зимни аёдати тарбиятгирандагони Муассисаи мазкур масъулин аз ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кӯдакони хушбахти даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар гардиданд.
Дар муассисаи давлатии Маркази дастгирии оила ва кӯдаки “Фарзанди Ватан” – и шаҳри Истаравшан 22 нафар кӯдакони ятиму бепарастор тарбият гирифта, аз ҷониби давлату Ҳукумат баҳри зиндагии шоиста ва ба таври зарурӣ гирифтани таълиму тарбия тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Ба тарбиятгирандагон аз номи роҳбарияти шаҳр тӯҳфаҳои идона тақдим карда шуда, баҳри болидахотирии онҳо дастурхони идона ороста шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*