АЁДАТИ КӮДАКОНИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ МАРКАЗИ ДАСТГИРИИ ОИЛА ВА КӮДАКИ “ФАРЗАНДИ ВАТАН”

Дар партави сиёсати ятимпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субҳи 9 июли соли ҷорӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Хайруллозода Ҳабибулло бо мақсади аёдат ва табрики кӯдакон ба муносибати иди саиди Қурбон ба Муассисаи давлатии Маркази дастгирии оила ва кӯдаки “Фарзанди Ватан” – и шаҳр ташриф оварданд.

Зимни аёдати тарбиятгирандагони Муассисаи мазкур раиси шаҳри Истаравшан кӯдаконро ба муносибати Иди саиди Қурбон шодбош гуфта, аз ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кӯдакони хушбахти даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар гардида, иброз дошт, ки имрӯз бо дастгирии Пешвои муаззами миллат баҳри зиндагии шоиста ва ба таври зарурӣ гирифтани таълиму тарбияи кӯдакони ятиму бепарастор тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.
Ҳамзамон намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Хайруллозода Ҳабибулло паёми шодбошии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати иди саиди Қурбонро ба самъи тарбиятгирандагони муассиса расонида, ба кӯдакон хушбахтӣ, саломатии бардавом ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуд.
Мавриди зикр аст, ки дар муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кӯдак” – и шаҳри Истаравшан кӯдакон дар гурӯҳҳои рӯзона ва будубоши доимӣ нигоҳубин ва табобат карда мешаванд. Дар гурӯҳи рӯзона хизматрасониҳои иҷтимоӣ, ба монанди тандармонӣ, кордармонӣ, ташаккули малакаҳои рушди нутқи кӯдакон ва омодагӣ ба мактаб ба роҳ монда шуда, аз ҷониби давлату Ҳукумат баҳри ҳимояи ҳуқуқи онҳо ва беҳтар намудани кори таълиму тарбия таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад.
Аснои аёдат кӯдакон бо самимияти хоса ва хушнудӣ дар васфи Тоҷикистони азиз, Пешвои миллат, Ватан ва модар шеъру таронаҳо қироат намуда, барномаи рангини идона пешниҳод намуданд.
Ба тарбиятгирандагони муассисаи мазкур аз номи роҳбарияти вилоят ва шаҳр тӯҳфаҳои идона тақдим карда шуда, баҳри болидахотирии онҳо дастурхони идона ороста шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*