АЁДАТИ ПИРОНСОЛОН ВА КӮДАКОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ!

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба ғамхории ҳамешагӣ фаро гирифтани маъюбону бепарасторон 31 декабри соли 2021 раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ба Муассисаи давлатии маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ барои маъюбон ва пиронсолони ба номи М. Худойназаров – и шаҳри Истаравшан ташриф овард.

Раиси шаҳри Истаравшан нахуст бошандагони муассисаи мазкурро бо Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии табақаи ниёзманд, хонаи кӯдакон, хона-интернати пиронсолону маъюбон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардида, онҳо пайваста зери парасторӣ ва ғамхориҳо қарор доранд.
Дар Маркази ёрии иҷтимоии ба номи Имомназар Худойназаров кӯдакони имконияташон маҳдуд ҷалб ва барояшон шароити хуби таълиму истироҳат фароҳам оварда шудааст, ки ин аз эътибори махсуси давлату Ҳукумат ба ояндаи ҷомеа маҳсуб меёбад. Бояд қайд намуд, ки маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба 373 нафар хизмат мерасонад, ки 57 нафари онҳо шахсони имконияташон маҳдуд ва 316 нафарашон яккаву танҳо ва камбизоат мебошанд.
Бахшида ба соли нави мелодӣ аз ҷониби раиси шаҳри Истаравшан барои бошандагони муассисаи мазкур дастурхони идона ороста шуда, тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим гардид.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

     

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*