АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ АРСАИ МЕҲНАТ ВА ЗАНОНИ БАРӮМАНДИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ “РӮЗИ МОДАР”

АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ АРСАИ МЕҲНАТ ВА ЗАНОНИ БАРӮМАНДИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ “РӮЗИ МОДАР”

5 марти соли ҷорӣ ба муносибати фарорасии “Рӯзи Модар” намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Сайидамин Исомаддинзода ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода занони барӯманди шаҳр ва собиқадорони арсаи меҳнат Додоева Саломат – собиқ раиси ҷамоати деҳоти “Гули Сурх”, Адолат Ғафурова – собиқ раиси колхоз ва Хайрӣ Қодирова – зани 107 сола, қаҳрамонмодарро аёдат намуданд.
Зимни аёдат иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аёдатшавандагонро бо фарорасии ҷашни фархунда “Рӯзи модар” ва иди баҳор табрику таҳният намуда, паёми шодбошӣ ва туҳфаҳои хотиравии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшанро ба онҳо расониданд.
Қайд гардид, ки имруз бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат нақши занону бонувони тоҷик дар ҳама самтҳои ҳаётан муҳими ҷомеа баланд гардида, ҷиҳати дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ омода ва тарбия намудани насли ҷавони ҷомеа саҳми босазои модарону бонувони арҷманд ҳамеша эҳсос мегардад.
Аёдатшудагон аз ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр изҳори хушнудӣ намуда, барои рушду нумуъи кишвари азизамон даст ба дуо бардоштанд.
 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*