АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ АРСАИ МЕҲНАТ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ “ГУЛИ СУРХ”

АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ АРСАИ МЕҲНАТ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ “ГУЛИ СУРХ”
Дар заминаи супоришҳои дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи роҳнамоии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар оғози сафари корӣ аз ҷамоати деҳоти “Гули сурх” иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр нахуст ба аёдати собиқадорони арсаи меҳнат рафт.
Зимни аёдат иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр бо вазъи зиндагии собиқадорони арсаи меҳнат зани 107 сола Қодирова Хайрӣ, Марупова Роҳат ва Ҳомидова Мағфират, ки саҳми босазои худро дар пешрафти ҷомеа ва ободии ватан гузоштаанд, шинос гардида, ба ин нафарони рӯзгордида барои хизматҳои шоёнашон ҷиҳати шукуфоии диёри азизамон миннатдории хешро баён намуд ва роҷеъ ба рушди минбаъдаи соҳаҳои мухталифи шаҳр пешниҳодҳои судманд гирифт.
Собиқадорони меҳнат аз ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти шаҳр болида гардида, миннатдории самимии хешро изҳор намуданд.
Ба аёдатшудагон аз номи роҳбарияти давлат маводи озуқаворӣ ва кӯмаки яквақтаинаи молиявӣ расонида шуд.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан
 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*