Аёдати собиқадорони ҶБВ

Имрӯз ба муносибати 100-солагии собиқадори ақибгоҳи ҶБВ аз Ҷамоати деҳоти “Нофароҷ” Энаҷон Шукурова як гурӯҳ намояндагони МИҲД-и шаҳр -сармутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоии аҳолӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Истаравшан Неъматов Ғайратулло, раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Абдуваҳоб Қаюмов, раиси ташкилоти ибтидоии шӯрои собиқадорон дар Нофароҷ Сафарбой Маърупов ва дигарон ба манзили зисти ин шахси барӯманди диёрамон ташриф оварда, табрикот ва тӯҳфаҳои хотиравии раиси шаҳрро тақдим намуданд.
Инчунин ба муносибати ҷашни мавлуд собиқадорони ақибгоҳ Ғафур Нарзиқулов, Карим Сатторқулов ва Умар Ахмадов низ аёдат шуда табрикот ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Аёдатшудагон аз чунин иқдоми нек хушнуд гардида ба намояндагони МИҲД-и шаҳр арзу сипоси худро иброз намуданд ва баҳри тинҷиву амонӣ дасти дуо кушода, миннатдории хешро ба давлату ҳукумати кишвар иброз доштанд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*