Аёдати собиқадорони ҶБВ

Дар Истаравшан аёдати нафарони дар ақибгоҳ хизмат намуда дар рӯзи мавлудашон анъана гардида, гувоҳи он аст, ки хизмати диловаронаи иштирокчиёни ҶБВ ба нафъи Ватан ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад.
Собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ, сокини деҳаи Поҷиндаки Ҷамоати деҳоти “Пошкент” Набуват Турсунова имрӯз 100 сола шуданд. Ба ин муносибат раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Абдуваҳҳоб Қаюмов, муовини раиси шӯро Ҳабибулло Нарзуллоев, раиси Ҷамоати деҳоти “Пошкент” Алиназар Мирзоназаров ва раиси ташкилоти ибтидоии шӯрои собиқадорони Ҷамоати деҳоти “Пошкент” Маҳмуд Мирзоев ба хонадони ин зани накӯном ташриф оварда бо ҷашни 100-солагӣ таҳният намуда табрикоти иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Амирхон Қурбонзодаро расониданд.
Набуват Турсунова солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ кору фаъолият бурда барои Ғалабаи бузург аз болои фашизм саҳм гузоштааст.
Сипас ба муносибати 90-солагӣ, собиқадори ҷангу меҳнат Зафар Саидов низ аёдат шуда, табрикоти раиси шаҳр расонида шуд.
Аз ҷониби собиқадорон дуои нек дар ҳаққи давлату миллат ва мардуми сарбаланди кишвар, шукронаи даврони истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот барои ғамхориву дастгириҳои Пешвои миллат ва давлат бо самимият карда шуд.

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*