БАРРАСИИ АРЗУ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН ДАР МАҲАЛ

Тавре қаблан иттилоъ дода шуд, зимни сафари кории иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ба ҷамоати деҳоти Гули Сурх қабули арзу муроҷиати шаҳрвандон баргузор гардида, аз ҷониби сокинони ҷамоати деҳоти болозикр муроҷиатҳо доир ба сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар маҳал ва азнавсозии роҳҳои ҳудуди деҳа қабул гардида буд.
Ними дуюми 17 феврали соли равон бо мақсади ҳаллу фасли саривақтӣ ва баррасии масъалаҳои болозикр дар маҳал таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, тибқи нақша ба ҷамоати деҳоти Гули Сурх сафари корӣ доир карда шуд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр бо муроҷиаткунандагон сӯҳбатҳои инфиродӣ баргузор намуда, бо лоиҳаи сохтмонҳо аз наздик шинос гардид ва ба масъулини соҳа ҷиҳати ҳалли мушкилиҳои ба миён омада, аз ҷумла сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар деҳаҳои Боботағо ва Саримазор, азнавсозии роҳҳо ва бунёди хонаҳои истиқоматии ба талаботи замон ҷавобгӯ дар деҳаи Шӯрак дастуру супоришҳои мушаххас дод.
 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*