БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ ДАР МАҶЛИСИ НАЗОРАТӢ

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ ДАР МАҶЛИСИ НАЗОРАТӢ

6 декабри соли ҷорӣ бо иштироки муовинони раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоатҳои деҳот, кумитаҳои маҳалла, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони масъул маҷлиси васеи назоратии назди раиси шаҳр баргузор гардид.
Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода нахуст доир ба супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, ки 2 декабри соли ҷорӣ дар ҷаласаи корӣ баён доштанд, ба самъи ҳозирин расонид.
Аз ҷумла, вобаста ба ҳолати иммунизатсияи аҳолӣ изҳори нигаронӣ карда, роҳбарияти КАТС, Беморхонаи марказӣ, маориф, фарҳанг, бахши дин ва дигаронро вазифадор намуд, ки барои ҳарчи бештар фаро гирифтани гуруҳи мақсадноки аҳолӣ ба эмгузаронӣ чораҷӯӣ намоянд.
Инчунин, рафти маъракаи обуна ба нашрияҳо дар соли 2022 таҳлил карда шуда, гузориши Абдураҳмонзода Афзуналӣ – директори почтаи шаҳр шунида шуд ва барои ҳарчӣ зудтар ба анҷом расонидани маъракаи мазкур ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар идомаи маҷлис оид ба рафти кишти тирамоҳӣ, омодагӣ ба мавсими зимистон, захираи об, таъсис ва фаъолгардонии гармхонаҳо, ба роҳ мондани парвариши гулҳои ороишӣ, назорати нархи маҳсулоти озуқаворӣ ва дигар масъалаҳо масъулини соҳаи кишоварзӣ вазифадор карда шуданд.
Зимни таҳлили фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулот таъкид гардид, ки иҷрои нақшаи пешбинишудаи корхонаю коргоҳҳо то 130 фоиз таъмин карда шуда, барои то охири сол таъсис додани 8 корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ чораҷӯӣ карда шавад.
Дар охир ҳамаи роҳбарони ташкилоту идораҳо ва кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст кардани сол вазифадор карда шуданд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*