Баррасии рафти амалишавии лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон (марҳилаи 2)» дар назди иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан

23 ноябри соли 2020 бо иштироки и. в. раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, масъулони Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Истаравшан, менежер ва мутахассисони ширкати “Суғд барқсохтмонлоиҳакаш” –и шаҳри Хуҷанд ва дигар масъулини соҳаҳои марбута ҷараёни татбиқи лоиҳаи сармоягузории «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон (марҳилаи 2)» дар шаҳри Истаравшан мавриди баррасӣ қарор гирифт.


Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи мазкур аз тарафи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар шаҳри Истаравшан ба маблағи 3,7 млн. доллари ИМА пешбинӣ гардида, аз он 1 млн. 668 ҳазор доллари ИМА, ки 45,1 фисадро маблағи қарз ташкил медиҳад ва боқимонда 2 млн. 31 ҳазор доллари он, яъне 54,9 фоиз маблағҳои грантӣ маҳсуб меёбад.
Дар асоси қарордодҳои ба имзорасида оид ба татбиқ намудани лоиҳаи болозикр корҳо идома ёфта, айни замон аз тарафи ҶДММ “Сичиён” ба маблағи 924 ҳазор доллари ИМА ҷудогардида, ки бояд 24,4 км қубурҳои полиэтилениро васл намояд, ки аз он ба масофаи 16,2 км васл карда шудааст. То инҷониб аз тарафи БАТР ба Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Истаравшан 8 –адад нақлиёти гуногуни корӣ ба маблағи 1 млн. 755 ҳазор сомонӣ ва 9 – адад таҷҳизотҳои лабораторӣ ба маблағи 326,3 ҳазор сомонӣ, ҳисобченкунакҳои обӣ 4100 адад ба маблағи 2 млн. 252,4 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки имрӯз фаъолият бурда истодаанд. Дар доираи лоиҳаи мазкур 6 адад чоҳҳои амудӣ низ дар ҳудуди шаҳр кофта шуда, корҳои пайвасткунии қубурҳои полиэтиленӣ, насосҳои обкашӣ, трансформатору таҷҳизотьои барқӣ идома дорад.
Дар ҷамъбаст аз ҷониби и.в. раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ба амалисозии мақсадноки нишондодҳои лоиҳа самаранок истифода кардани маблағҳо, истифодаи таҷҳизоти босифат ва дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя намудани масъалаҳои андозбандии лоиҳа таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир карда, рафти иҷрои корҳо зери назорати ҳатмии масъулин қарор дода шавад.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*