Бахшида ба 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан ҷамъомади тантанавӣ баргузор гашт

Бахшида ба 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан ҷамъомади тантанавӣ баргузор гашт. Муовини якӯми раиси шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қодирӣ зимни суханронии худ хизматчиёни ҳарбӣ, собиқадорони Қувваҳои мусаллаҳ ва кулли ҳозиринро бахшида ба 27-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ табрик намуда, саҳми онҳоро дар пойдории амну суботи ҷомеа ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат назаррас арзёбӣ намуд.
Таъкид карда шуд, ки Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар давраи бисёр ҳассоси таърихӣ ташкил гардида, аз рӯзҳои нахустин баҳри иҷрои рисолати худ шурӯъ намудааст. Бо талошҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои мусаллаҳ марҳила ба марҳила рушду такомул ёфта, ба нерӯи бузурги мудофиавӣ ва сипари боътимоди давлату миллат табдил ёфтааст. Дар идомаи суханронӣ Абдусаттор Қодирӣ қайд намуд, ки имрӯзҳо дар тамоми қисмҳои низомӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Абдусаттор Қодирӣ Артиши миллиро мактаби бузурги тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ унвон карда, изҳор дошт, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба иҷрои рисолати муқаддаси худ, яъне ҳифзи Ватан-Модар ва дифоъ аз манфиатҳои давлату миллат омодаанд. Сипас, дар асоси Амри раиси вилояти Суғд ва Амри раиси шаҳр гурӯҳи калони хизматчиёни ҳарбӣ бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд.
Дар охир барои иштирокдорон барномаи консертии ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр пешниҳод карда шуд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*