БА ИСТИФОДА ДОДАНИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ВА ИШТИРОК ДАР ФЕСТИВАЛИ ДӮСТИИ ҶАВОНОН ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ “ҚАЛЪАЧАИ КАЛОН”

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ВА ИШТИРОК ДАР ФЕСТИВАЛИ ДӮСТИИ ҶАВОНОН ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ “ҚАЛЪАЧАИ КАЛОН”
Субҳи 24 майи соли равон дар доираи тадбирҳои идона бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” бо иштироки раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ва ҷавонону наврасон майдончаи варзишӣ дар Гимназияи √2 ҷамоати деҳоти “Қалъачаи калон” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Майдончаи варзишӣ бо дастгирии ассотсиатсияи падарону модарон ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, ҳамчун макони нерўмандию солимӣ маҳз ба хотири ташаккули ҷисмониву маънавӣ ва парвариши насли ҷавону навраси ҷомеа пешбинӣ шудааст.
Зимни суханронӣ дар маросими ба истифода додани майдончаи варзишӣ ва фестивали дӯстии ҷавонон дар ҷамоати деҳоти мазкур раиси шаҳри Истаравшан нахуст ҷавонони даврони соҳибистиқлоли Ватанро ба муносибати “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” шодбош гуфта, ба онҳо саломативу сарбаландӣ ва муваффақиятҳои беназирро таманно намуд. Қайд гардид, ки амалӣ гардидани иқдоми шоистаи рушди варзиш миёни насли наврас дар шаҳру деҳоти Истаравшан яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, майдончаи варзишии мазкур барои машқу тамрин, пешбурди тарзи ҳаёти солим ва обутоби ҷисмонии наврасону ҷавонон пешбинӣ гардидааст ва тақвиятбахшандаи ғамхориҳо ба насли ояндасози Ватан мебошад.
Дар идома раиси шаҳри Истаравшан аз намоиши дастовардҳои илмиву ҳунарии толибилмони муассисаи болозикр дидан намуда, ба истеъдоди маънавию ҷисмонии онҳо баҳои баланд дод. Тавре аснои боздид иттилоъ дода шуд, дар муассисаи таълимии гимназияи √2 676 нафар хонандагон дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта шуда, 50 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб карда шудаанд.
Раиси шаҳри Истаравшан дар сӯҳбат бо омӯзгорон ҷиҳати тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва азбарнамудану омӯхтани илмҳои муосир дастуру супоришҳои мушаххас дод. Дар фарҷом аз ҷониби мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Ҳотамзода Аскар ва сардори раёсати маорифи шаҳр Пулодова Гулрӯ фаъолон ва толибилмони болаёқат бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан
   

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*