БА СОБИҚАДОРОНИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН КӮМАКПУЛИҲО АЗ НОМИ РАИСИ ВИЛОЯТ ТАҚДИМ ГАРДИД

Нимаи дуюми 9 сентябри соли равон ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Саидамин Исомаддинзода маросими қадрдонии 10 нафар собиқадорони меҳнати шаҳр баргузор гардид.

Раиси шаҳри Истаравшан ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба собиқадорони арсаи меҳнат паёми шодбошӣ ва кӯмакҳои яквақтаи молиявии раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати ин ҷашни таърихӣ расонида, зикр доштанд, ки собиқадорони меҳнат хазинаи тиллоӣ ва тарбиятгару раҳнамои ҷавонони соҳибистиқлоли мамлакат ба ҳисоб рафта, хизматҳои эшон дар ташаккули худшиносиву худогоҳии ҷавонон беназир аст.

Собиқадорони меҳнат аз ин таваҷҷӯҳу самимият болида гардиданд ва ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарияти шаҳр миннатдории самимонаи хешро баён дошта, барои оромиву осоиштагӣ ва гулгулшукуфоии Ватани азизамон дуои нек намуданд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*