Боздиди иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода аз бозори марказии шаҳр

Субҳи 21 ноябри соли 2020 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ба бозори марказии шаҳр ташриф оварда, аз вазъи санитарию эпидемиологӣ ва нарху навои ниёзи авалия дидан намуд.

Дар боздид ҳамзамон сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, мақомотҳои марбутаи соҳа, аз ҷумла маркази ташхиси минтақавии Тоҷикстандарт, маркази назорати санитарию эпидемиологӣ, маркази таъмини бехатарии озуқаворӣ, хадамоти оташнишонӣ, шӯъбаи рушди иқтисод ва савдо ва сармеъмори шаҳр ҳамроҳӣ намуданд.

Аз ҷониби и.в. раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ҷиҳати риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошт, таъмини тозагӣ, танзим намудани нарху наво, ба талабот мутобиқ намудани нуқтаву дӯконҳои фурӯш ва ҷавобгӯ будан ба меъёрҳои шаҳрсозӣ, инчунин ташкили растаҳои фуруши маҳсулоти ҳунармандӣ супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*