БОЗДИДИ НАМОЯНДАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ КОРХОНАҲОИ САНОАТИИ ШАҲР

Тавре қаблан иттилоъ дода шуд, дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари гуруҳи корӣ оид ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз бо ҳайати корӣ дар шаҳри Истаравшан қарор дошта, тибқи барқияи ҳукуматӣ вобаста ба самтҳои муайяншуда корбарӣ намуда истодаанд.

Ин навбат 5 апрели соли ҷорӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ Ашурзода Абдулҳафиз ҳамроҳ бо раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода аз корхонаҳои саноатии шаҳр аз ҷумла корхонаи саноатии ҶДММ “Нури Истаравшан”, “Шарафи рӯз”, “Сими стандарт” ва “Файзи тиҷорат” боздид ба амал оварданд.
Аснои боздид ба роҳбари гурӯҳи корӣ иттилоъ дода шуд, ки соли ҷорӣ вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои дар паёми навбатии Пешвои муаззами миллат доир ба барқарор намудани корхонаҳои азими аз фаъолият бозмонда ироа гардида ва бахшида ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат” соҳибкорони шаҳри Истаравшан як қатор тадбирҳои заруриро андешида, тасмим гирифтанд, ки корхонаи нассоҷии дар замони шӯравӣ номдори шаҳри Истаравшанро марҳила ба марҳила барқарор намоянд. Бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ аз ҷониби ҶДММ “Нури Истаравшан” корхонаи мазкур харидорӣ гардида, ба корҳои азнавбарқароркунӣ вусъат бахшида шуда истодааст. Айни замон таҷҳизотҳои муосири истеҳсоли ҷӯроб аз хориҷи кишвар ворид карда шуда, корҳои васлкунии он бомаром идома дорад. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани дастгоҳҳои мазкур зиёда аз 25 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Сими стандарт” дар бозори дохилӣ маҳсулоти истеҳсолкардаи хешро аз қабили симтӯрҳои гуногун, мех, панҷараҳо ва дигар намуди маҳсулоти аз сим истеҳсолшавандаро ворид намуда, ба сокинон бо нархҳои дастрас пешниҳод менамояд.
Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Файзи тиҷорат” бошад, бо коркарди пахта машғул буда, бо ворид намудани таҷҳизот ва дастгоҳҳои зарурӣ истеҳсоли ватин, курпа ва дигар намуди матоъҳои пахтагиро ба роҳ мондааст.
Чуноне иттилоъ дода шуд, дар корхонаи ҶДММ “Шарафи рӯз” истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ ба роҳ монда шуда, бо ин мақсад таҷҳизоти замонавӣ аз Ҷумҳурии мардумии Чин бо маблағи 3,7 миллион сомонӣ харидорӣ гардидааст. Корхона дар як сол метавонад 430 000 кг ашёи хоми кимёвиро, ки аз хориҷ ворид карда мешавад, коркард намуда, 12 намуди маҳсулотро истеҳсол намояд. Тибқи нақша дар марҳилаи аввал то 60 нафар ва бо татбиқи муваффақонаи лоиҳа то 200 нафар соҳиби ҷойи корӣ мешаванд.
Зимни боздид аз корхонаҳои саноатии шаҳр намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ Ашурзода Абдулҳафиз ба соҳибкорони шаҳр ҷиҳати ҳарчи зудтар барқарор кардани корхонаҳои саноатии аз фаъолият бозмонда, зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳаи саноат ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби баистифодадиҳии иқтидорҳои нави истеҳолӣ дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ пешниҳодҳои муфид дод.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан                

 

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*