БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН АЗ ФАЪОЛИЯТИ ҶДММ “СЕ СТАНДАРТИ ҚӮҲКОРӢ” 15.05.2021

БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН АЗ ФАЪОЛИЯТИ ҶДММ “СЕ СТАНДАРТИ ҚӮҲКОРӢ” 15.05.2021

Дар доираи сафари корӣ ба ҷамоати деҳоти Нофароҷ раиси шаҳри Истаравшан аз ҷараёни фаъолияти ҶДММ “Се стандарти кӯҳкорӣ” дидан намуд.

Тавре қаблан дар боздиди моҳи феврали соли ҷории раиси шаҳри Истаравшан иттилоъ дода шуда буд, корхонаи мазкур барои истеҳсоли оҳак бо ворид кардани таҷҳизоти муосир аз Ҷумҳурии Мардумии Чин таъсис дода шуда, бинобар паҳн гардидани бемории сироятӣ ва муваққатан манъ гардидани воридшавии мутахассисон барои насби таҷҳизот, фаъолияти корхона тибқи нақшаи пешбинигардида боздошта шуда, аз ҷониби раиси шаҳр ҷиҳати ҳалли мушкилотҳои ҷойдошта ва ҳарчӣ зудтар оғоз намудани корҳо масъулин муваззаф гардонида шуда буданд. Айни замон аз ҷониби соҳибкорон мутахассисони чинӣ ҷалб гардида, васлу насби таҷҳизотҳои зарурӣ ба итмом расонида шуд ва корхонаи мазкур фаъолияти худро оғоз намуд.
Раиси шаҳри Истаравшан ба саҳмдорон ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои баёнгардида изҳори миннатдорӣ баён карда, барои идомаи корҳо тавсияҳои мушаххас дод.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*