БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН АЗ ЧОҲИ АМУДӢ ВА ШИНОСОӢ БО ФАЪОЛИЯТ ВА РАФТИ БУНЁДИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ ДАР ШАҲР

БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН АЗ ЧОҲИ АМУДӢ ВА ШИНОСОӢ БО ФАЪОЛИЯТ ВА РАФТИ БУНЁДИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ ДАР ШАҲР

Дар доираи нақшаи корӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо мақсади шиносоӣ аз фаъолият ва рафти бунёди корхонаҳои саноатии шаҳр боздид намуд.

Зимни боздид раиси шаҳри Истаравшан нахуст бо фаъолияти коргоҳҳои дўзандагии соҳибкорони инфиродӣ Раупов Раҳим, Қодирзода Раҳимхон ва Ибрагимов Иброҳим шиносоӣ пайдо намуда, барои тавсеаи доираи фаъолият ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дастуру супоришҳои мушаххас дод. Тавре иттилоъ дода шуд, фаъолияти коргоҳҳои дўзандагии мазкур асосан ба дӯхти либосҳои мактабӣ равона гардида, дар асоси шартнома бо муассисаҳои таълимии шаҳр ва ассотсиатсияи падарону модарон барои таъмин намудани хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо либосҳои ягонаи мактабӣ дар солҳои хониши 2021-2022 машғул мебошанд.
Сипас, раиси шаҳри Истаравшан аз вазъи бунёди корхонаи саноатии ҶДММ «Шарафи Рўз», ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти “Пошкент” аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Азимов Ислом ва Сабуров Алишер сохта шуда истодааст, дидан намуд. Ба иттилои масъулин айни замон дар корхонаи мазкур корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизотҳо бомаром идома дошта, таҷҳизотҳо ва ашёҳои хом аз давлати Чин, Олмон ва Русия ворид карда шудааст. Фаъолияти асосии ҷамъият истеҳсоли лулаҳои атри хушбуйдиҳанда (освежитель) ва рангҳо дар дохили лулаҳо (балончик для краски) буда, ҳангоми ба фаъолият оғоз намудан корхонаи мазкур метавонад дар як шабонрўз то 1000 адад маҳсулотҳои дар боло зикр гардидаро истеҳсол кунад ва дар се бахш то 120 нафар шаҳрвандонро бо ҷои кори доимӣ таъмин намояд.
Дар идомаи боздид роҳбари шаҳр ҷараёни корҳои сохтмониро дар корхонаи коркарди шир ва маҳсулоти ширӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, бо фаъолияти минбаъдаи он шинос гардид. Аснои шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ-санотикунонии босуръати кишвар аз ҷониби соҳибкор Кӯкибоев Мухтор бунёд гардида истодааст. Пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаи коркарди шир якчанд намуди маҳсулотҳои ширӣ аз қабили сметана, ҷурғот, қаймоқ ва творог истеҳсол карда шуда, 10 нафар мутахассисон бо ҷои кори доимӣ таъмин карда мешаванд. Айни замон дар коргоҳи мазкур корҳои васлкунии таҷҳизотҳо бо иштироки мутахассисони ватанӣ ба роҳ монда шуда, як қисми таҷҳизотҳои коргоҳ аз давлати Чин харидорӣ карда шудааст.
Ҳамзамон раиси шаҳри Истаравшан аз вазъи чоҳи амудии нав ба истифода дода шуда, дар хоҷагии деҳқонии “Ғолибҷон” дидан намуд. Тавре зикр гардид, дар хоҷагии деҳқонии мазкур, ки масоҳати он 15 га – ро ташкил медиҳад, бо роҳбарии соҳибкори инфиродӣ Тошев Эркин ва дастгирии аъзоёни хочагӣ чоҳи амудӣ кофта ба истифода дода шудааст.
Барои кофтани чоҳи амудӣ 170,0 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардида, об аз чуқурии 150 метр кашида мешавад ва дар як сония имкони истихроҷ намудани 27 литр обро дорад. Чоҳи мазкур барои таъминоти заминҳои хоҷагӣ кифоя буда, аъзоёни хоҷагӣ иқдом гирифтаанд, ки имсол дар майдони 7 га кишти картошкаро ба роҳ монанд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

    

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*