БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН АЗ ҶАРАЁНИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТ ДАР КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ

3 сентябри соли ҷорӣ дар доираи нақшаи корӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода аз ҷараёни истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳои саноатии шаҳр боздид намуд.

Раиси шаҳри Истаравшан нахуст бо фаъолияти ҶДММ “Ҷураев Шавкат”, ки бо тамғаи “7 ганҷ” обҳои ташнашикан истеҳсол мекунад, шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи мазкур навъҳои гуногуни обҳои ранга истеҳсол карда шуда, асосан занони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин карда шудаанд.
Дар ҶДММ “Шаҳло” аснои боздид иттилоъ дода шуд, ки корхона бо истеҳсоли мебелҳои гуногун машғул буда, дар ин давра дар баробари таъмини ҷойҳои нави корӣ, инчунин барои тайёр кардани зиёда аз 1500 нафар шогирдон, ки алҳол устоҳои мебел мебошанд, саҳмгузор мебошад.
Сипас, раиси шаҳри Истаравшан бо рафти корҳои васлу насби таҷҳизот ва омодагӣ барои ба истифода додани корхонаи ҶДММ “Шири Истаравшан” шинос шуд. Пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаи коркарди шир якчанд намуди маҳсулотҳои ширӣ аз қабили сметана, ҷурғот, қаймоқ ва творог истеҳсол карда шуда, 30 нафар мутахассисон бо ҷои кори доимӣ таъмин карда мешаванд. Айни замон дар коргоҳи мазкур корҳои васлкунии таҷҳизотҳо бо иштироки мутахассисони ватанӣ ба роҳ монда шуда, як қисми таҷҳизотҳои коргоҳ аз давлати Чин харидорӣ карда шудааст ва барои коргарди зиёда аз 4000 литр шир дар як шабонаруз пешбинӣ шудааст.
Дар идомаи боздид раиси шаҳр аз рафти истеҳсоли маҳсулот дар ҶДММ “Асри обод”, ки ба истеҳсоли мебелҳои гуногун, аз ҷумла мизу курсии мактабӣ машғул аст, дар ҶДММ “Авангард”, ки ба истеҳсоли равғанҳои муҳаррики нақлиётӣ машғул аст ва ҶДММ “Бунёдкор-Б”, ки ба истеҳсоли плитаҳои бетонӣ машғул мебошад, шинос гардид.
Зимни суҳбат бо роҳбарони корхонаҳои саноатӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода барои ташкили ҷойҳои корӣ ва амалӣ намудани иқдомҳои нав дар доираи эълон гардидани “Солҳои 2022-2026 солҳои рушди саноат” ба соҳибкори маҳаллӣ ибрози миннатдорӣ баён карда, барои фаъолияти минбаъда тавсияҳои мушаххас дод.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*