БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН АЗ ҶАРАЁНИ КИШТИ КАРТОШКА ВА БОҒУ ТОКЗОР ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ “САБРИСТОН”

БОЗДИДИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН АЗ ҶАРАЁНИ КИШТИ КАРТОШКА ВА БОҒУ ТОКЗОР ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ “САБРИСТОН”
22 апрели соли ҷорӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо ҳамроҳии масъулини соҳаи кишоварзии шаҳр аз ҷараёни кишти картошка дар деҳаи Ругунд ва Якатоли ҷамоати деҳоти “Сабристон” – и шаҳри Истаравшан боздид намуд.
Тавре аснои боздид иттилоъ дода шуд, тибқи нақшаи дурнамо соли ҷорӣ кишти картошка дар хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти мазкур 40 га пешбинӣ шуда, нисбат ба соли гузашта 25 га зиёд мебошад, ки то имруз 15 га картошка кишт гардида, бо истифода аз ҳавои мусоид рузҳои наздик дурнамои кишти картошка иҷро мегардад.
Зимни шиносоӣ маълум гардид, ки вобаста ба кишти картошка дар ҳудуди деҳоти мазкур камбудиҳо мавҷуд буда, ҷараёни кишт ба талабот ҷавобгӯ нест. Аз ин лиҳоз нисбати фаъолияти масъулин эродҳои ҷиддӣ гирифта шуда, барои бартараф намудан муҳлат муайян гардид.
Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода аз ҷараёни кишти картошкаи хоҷагии деҳқонии “Маҳмуд Бобо” ва аз ҳудуди боғу токзори хоҷагии деҳқонии “Миразим Бобо” дидан намуда, вобаста ба рӯёнидани ҳосили фаровон, гузаронидани буришу нарм намудани ниҳолҳои ток ба масъулини соҳа супоришҳои мушаххас дод.
Дар маҷмӯъ ҷамоати деҳоти “Сабристон” дорои 2888 га замини киштшаванда мебошад, ки аз он 1412 га заминҳои обӣ ва 1344 га боғу токзорро ташкил медиҳад.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан
   

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*