Боздид аз корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Аъло-7”

Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат 4 феврали соли ҷорӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода аз фаъолияти коргоҳи дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Аъло – 7” боздид ба амал овард.
Тавре аснои боздид иттилоъ дода шуд, коргоҳи мазкур соли 2013 аз ҷониби соҳибкор Файзуллоев Зикрулло таъсис ёфта, то имрӯз 45 нафарро бо ҷои кори доимӣ таъмин намуда истодааст. Коргоҳ асосан либосҳои варзишии мардона ва бачагонаро истеҳсол намуда, маҳсулотҳои истеҳсолгардидаро дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ба шаҳри Душанбе, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд барои фурӯш пешниҳод менамояд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр зимни боздид ба роҳбари коргоҳи дӯзандагӣ ҷиҳати васеъ намудани доираи фаъолият, ба роҳ мондани истеҳсоли либосҳои гуногун ва афзун намудани шумораи кормандон дастуру тавсияҳои мушаххас дод.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*