Боздид аз Маркази саломатӣ

Субҳи 24 апрел гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳри Истаравшан Нигора Наимҷонзода аз Маркази саломатии №2 боздид ба амал оварданд.
Дар марказ баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла Covid-19 ҳамаи чораҳо андешида шуда, шаҳрвандон танҳо бо ниқоб ва пас аз безараргардонии дастон ворид мегарданд.
Ҳамзамон дар марказ утоқи хатна бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки ба кӯдакон ба таври муосир ва бе оризаҳо бидуни ҷарроҳӣ хизмат расонида мешавад.
Маълум гашт, ки дар марказ 150 кг хлор, 5 флакон маҳлулҳои антисептикӣ, 60 литр маҳлулҳои шӯянда ва 350 дона ниқоб захира карда шудааст.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*