БОЗДИД АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МТМУ √15 – и ШАҲР

БОЗДИД АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МТМУ √15 – и ШАҲР
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳру деҳоти Истаравшан корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома дорад. Вобаста ба ин санаи 22 майи соли равон намояндаи Ҳукумати ҶТ – раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз ва раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода аз фаъолият ва корҳои азнавсозии Муассисаи таълимии ✓15 – и шаҳр боздид ба амал оварданд.
Тавре аснои боздид иттилоъ дода шуд, муассисаи мазкур аз 13 синфхона иборат буда, айни замон 1244 нафар хонанда дар ду баст таҳсил намуда истодаанд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии Қатар дар бинои асосии муассиса аз моҳи апрели соли 2019 корҳои азнавсозӣ оғоз гардида, мавриди истифода қарор додани он дар арафаи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Бинои асосии таълимӣ аз ду ошёна ва 11 синфхона иборат буда, пас аз ба истифода додани он фарогирии 480 нафар хонанда ба таълим дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Айни замон бо ибтикори ассотсиатсияи падарону модарон ва хатм намудагони ин даргоҳ ба муассисаи мазкур масолеҳи сохтмонӣ ба маблағи 40000 (чил ҳазор) сомонӣ дастрас карда шуда, ҳамзамон сохта ба истифода додани 4 синфхонаи иловагӣ пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои асосии муассиса ба нақша гирифта шудааст.
Намояндаи Ҳукумати ҶТ – раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз ва раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ҷиҳати дар мўҳлатҳои пешбинӣ гардида ва бо сифати баланд иҷро намудани корҳои азнавсозӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан
 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*