БОЗДИД АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ ВА МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОНИ ДЕҲОТИ САБРИСТОН

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан зимни сафар ба ҷамоати деҳоти Сабристон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ, ки бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар доираи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди деҳаҳои Яккатол, Ругунд ва Вогат бунёд мешаванд, дидан намуд.
Инчунин, ба корхонаи дузандагии соҳибкори маҳаллӣ Боқиев Мардонқул ташриф оварда, бо кормандон суҳбат доир кард. Таъкид гардид, ки корхонаи мазкур асосан ба духти либоси занона машғул буда, зиёда аз 30 нафар занҳои хонашини маҳаллӣ бо кори доимӣ фаро гирифта шудаанд.
Ҳамзамон, аз ҳолати муассисаи таълимӣ ва томактабии аз фаъолият бозмондаи деҳаи Яккатол дидан карда, барои барқарор намудани иншооти мазкур ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар ҷамъбаст, дар идораи маъмурии ҷамоати деҳоти “Сабристон” бо фаъолон мулоқот доир гардида, дар як вақт арзу муроҷиати шаҳрвандон низ аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр қабул гардид.
 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*