БОЗДИД АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ, ҚАБУЛИ САЙЁРИ АРЗУ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН ВА МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗАРҲАЛОЛ

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тақвият бахшидани корҳои бунёдкорию созандагӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр зимни сафари корӣ ба ҷамоати деҳоти Зарҳалол аз ҷараёни корҳои ободонӣ дар шафати роҳи шаҳраки Истаравшан, ҳолати бунгоҳи тиббӣ ва нақшаи сохтмони он ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди деҳаи Ҷарқӯрғон азнавсозӣ карда мешавад, боздид ба амал овард.
Ҷиҳати дар мўҳлатҳои пешбинӣ гардида ва бо сифати баланд иҷро намудани корҳои азнавсозӣ аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар фарҷоми сафари корӣ дар идораи маъмурии ҷамоати деҳоти “Зарҳалол” мулоқоти и.в раиси шаҳр бо сокинон ва фаъолон доир гардида, дар як вақт арзу муроҷиати шаҳрвандон низ қабул ва баррасӣ гардид.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан
 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*