Бо 24 медал дастаи Истаравшан соҳиби “Ҷоми Раиси вилояти Суғд” дар намуди варзиши гӯштини юнонӣ-рӯмӣ гардид.

Бо 24 медал дастаи Истаравшан соҳиби “Ҷоми Раиси вилояти Суғд” дар намуди варзиши гӯштини юнонӣ-рӯмӣ гардид.

Санаи 9-10-уми майи соли равон дар толори варзишии шаҳри Бӯстон мусобиқаи вилоятӣ оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ барои дарёфти “Ҷоми Раиси вилояти Суғд” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 50 нафар варзишгарон аз 5 дастаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят доир гардид.
Дар натиҷаи қувваозмоиҳо байни варзишгарони шаҳру ноҳияҳо бо гирифтани 10 медали тилло, 2 медали нуқра ва 12 медали биринҷӣ ҷои аввалро дастаи шаҳри Истаравшан, бо гирифтани 3 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ ҷои дуюмро дастаи шаҳри Гулистон ва бо гирифтани 2 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ сеюмро дастаи шаҳри Бӯстон соҳиб гаштанд.

Дар охир сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Каримзода Мирзоқосим ғолибони мусобиқаи мазкуро бо медалу диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ кард.

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*