ВАРШАВА, САҲА. 09/18/2019. Суханронии Зариф Ализода дар Конфронси САҲА дар Варшава


Зариф Ализода, раиси ҳайати ҳукуматии ҶТ дар ҷаласаи САҲА
(ш.Варшава, 16-26.09.2019с.)
Баъди интихоботи парламентии соли 2015 дар Тоҷикистон як қатор тағйиротҳо ба системаи интихоботӣ ворид карда шуд. Аз ҷумла баъзе пешниҳодҳо амалӣ карда шуданд. Дар Тоҷикистон қонуни алоҳида оид ба фаъолияти комиссияи интихоботӣ коркард ва қабул гардид. Салоҳияти ин комиссия васеъ гардид. Комиссия оид ба интихобот доимоамалкунанда мебошад. Дар он намояндаи тамоми ҳизбҳои сиёсӣ ҳамчун машваратчӣ иштирок мекунанд. Мувофиқи қонун иштироки намояндагони мустақил ва хориҷӣ дар интихобот пешбинӣ гардидааст.
Соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи парламентӣ ва президентӣ баргузор хоҳад шуд. Мехоҳам аз фурсати муносиб истифода намуда, намояндагони БДИПЧ САҲА ва дигар ташкилотҳои байналмилалиро барои назорати раванди интихобот даъват намоям.
Вобаста ба вазъи парламент ва демократия қайд менамоям, ки дар Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ фаъолият дорад. Аз онҳо 3 ҳизб дар парлумон намояндагони худро доранд. Ҳамчунин дар парламенти Тоҷикистон 3 фраксия мавҷуд аст. Ташкилоти «Гурўҳи-24», ки қаблан баромад намуд, мувофиқи Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти экстремистӣ эътироф гардидааст. Беш аз ин, қайд менамоям, ки таҳқири Ҳукумати ҶТ дар чунин ҷаласаи сатҳи баланд, истифодаи калимаҳои «фюрер» нисбати роҳбари давлат имконнопазир мебошад. Майдони ҷаласа набояд ба ҷойи қассосгирӣ табдил дода шавад.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*