ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ “НИҶОНӢ”

ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ “НИҶОНӢ”
Дар заминаи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои бунёдкорию созандагӣ дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша дар идомаи сафари корӣ ба ҷамоати деҳоти “Ниҷонӣ” иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр аз рафти корҳои сохтмонии муассисаи таълимӣ, нуқтаи фурӯши гази моеъ, дорухона, толори варзишӣ ва мағозаҳо боздид ба амал овард.
Тавре аснои боздид иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонии муассисаи таълимӣ аз моҳи сентябри соли 2020 оғоз ёфта, дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳашари дастаҷамъонаи сокинони Ҷамоати деҳоти “Ниҷонӣ” ва дастгирии Ассотсиатсияи падару модарон бо дарназардошти стандартҳои ҷадиди замонавӣ сохта шуда истодааст. Бинои муассисаи таълимӣ аз 6 синфхона, хонаи омӯзгорон ва 2 утоқи корӣ иборат буда, барои 340 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Дар маҳаллаи Зартеппаи Ҷамоати деҳоти “Ниҷонӣ” бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Пиримқулов Илёс корҳои сохтмонии нуқтаи фурӯши гази моеъ оғоз гардида, тибқи нақша дар арафаи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.
Мавриди зикр аст, ки дар ҳудуди шаҳру деҳоти Истаравшан дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъат ёфта истодааст.
Аз ҷумла, бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ Рӯзибоев Фаррух ва Авезов Тоҳир дар маҳаллаҳои Зартеппа ва Гулистони Ҷамоати деҳоти”Ниҷонӣ” корҳои сохтмонии 2 мағоза ва дорухона бомаром идома дошта, тавре иттилоъ дода шуд, дар арафаи ҷашн бо ташкили ҷойҳои нави корӣ ба истифода дода мешавад.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр аз чоҳи амудӣ ва полезӣ, ҳамзамон толори варзишӣ ва бинои хизматрасонӣ, ки аз ҷониби сокинони Ҷамоати деҳоти “Ниҷонӣ” дар пайравӣ аз иқдомҳои созандагиву бунёдкорӣ бо ташаббусҳои тоза сохта ба истифода дода шудааст, боздид ба амал овард.
Зимни боздидҳо иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр бо сокинони маҳаллаҳои болозикр суҳбат ороста, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*