ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС БАРОИ БУНЁДИ БИНОИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МАКТАБ – ИНТЕРНАТИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

9 сентябри соли равон дар идомаи тадбирҳои ҷашнӣ аз ҷониби раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз барои бунёди бинои иловагӣ барои 120 ҷойи нишаст дар назди муассисаи давлатии таълимии “Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан” санги асос гузошта шуд.

Бинои мазкур тибқи лоиҳа аз ду ошёна иборат буда, дорои синфхонаҳои таълимию компютерӣ, утоқи омӯзгорон, хобгоҳи духтарона ва писарона, ҳаммом, ҷомашӯйхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон буда, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бунёд мегардад.

Мавриди зикр аст, ки алҳол назди 100 нафар тарбиягирандагони ятиму нимятим ва оилаҳои ниёзманд дар мактаб-интернати шаҳрӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, бо либоси мактабӣ, нигоҳубини доимӣ, ҷойи хоб ва дигар шароити зист таъмин мебошад.

Аз ҷумла, зимни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Истаравшан 10 августи соли ҷорӣ тарбиягирандагони мактаб-интернат пурра бо сарулибоси мактабӣ ва кумакпулии яквақтаина ба маблағи 1000 сомонӣ таъмин гардида буданд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*