Гусели наваскарон

19-уми сентябри соли 2020 дар майдони “Нишон”-и шаҳри Истаравшан чорабинии тантанавӣ баҳри супоридани сипосномаи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерали Мирзо ва тӯҳфаҳои хотиравии МИҲД-и шаҳр ба 27 нафар волидони сарбозоне, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ихтиёри хеш ва интизоми намунавӣ хизмат карда истодаанд ва инчунин, гусели нахустини наваскарон ба сафи артиши миллӣ доир гардид. Дар чорабинии мазкур Раиси шаҳри Истаравшан Қурбонзода Амирхон муовинон, мудирони шӯъбаю бахшҳои МИҲД, волидони аскарони дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат кардаистода ва наваскарон ширкат варзиданд.
Раиси шаҳри Истаравшан Қурбонзода А.Ф. ҷавонони шуҷои Ватанро бо дохил шудан ба сафи қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан шодбош гуфта волидони онҳоро барои бо руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ пос доштани арзишҳои миллӣ миннатдории хешро баён намуданд.
Сипас сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Вазири Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва МИҲД-и шаҳр аз тарафи Раиси шаҳр Қурбонзода Амирхон супорида шуд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*