ДАВРИ ШАҲРИИ ФЕСТИВАЛ – ОЗМУНИ “АНДАЛЕБ – 2021” БАРГУЗОР ГАРДИД

ДАВРИ ШАҲРИИ ФЕСТИВАЛ – ОЗМУНИ “АНДАЛЕБ – 2021” БАРГУЗОР ГАРДИД

25-уми майи соли ҷорӣ дар толори “Қасри фарҳанг”-и шаҳри Истаравшан бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани солҳои 2020-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ даври шаҳрии фестивал – озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб-2021” баргузор гардид. Дар даври шаҳрии Фестивал-озмуни “Андалеб 2021” муовини раиси шаҳр Наимҷонзода Нигора, муовини сардори раёсати фарҳанги вилояти Суғд Рустамова Парвина, директори маркази илмӣ-методии раёсати фарҳанги вилояти Суғд Юсупов Олимҷон, сармутахассиси маркази илмӣ-методии раёсати фарҳанги вилояти Суғд Самиев Шарифҷон, омузгорон, толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳр, донишҷӯёни литсей ва коллеҷҳои шаҳр ширкат варзиданд.

Фестивал-озмуни мазкур аз рӯи 12 шарт: намоиши ҳунарҳои мардумии «Бозори ҳунар», суруди ҳамсароён-аккопела, намоиши либосҳои миллӣ бо иловаи навгониҳои имрӯза, навозиши умумӣ, рақси якка, суруди якка бо либоси миллӣ, навозиши якка бо сози нодири миллӣ, бадеҳа, саҳначаи ҳаҷвӣ ва сюитаи овозию рақсӣ доир карда шуд. Ҳадаф аз баргузории фестивал-озмун ин намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳунарҳои мардумӣ буда, меҳвари мавзӯи марказии ҳар бахши ҳунарӣ марбут ба меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан, инъикоси рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандорӣ, ифтихори миллӣ, файзу баракати истиқлолият, тарғиби арзишҳои мероси пурғановати фарҳанги миллӣ, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ, ваҳдату ягонагӣ ва дӯстии халқҳои сарзамини Тоҷикистон буд.

Маврид ба зикр аст, ки Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб — 2021» барои дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат ва адабиёт, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, сарҷамъию муттаҳидии мардумони сарзамин, таҳкими сулҳу осоиши мамлакат ва таъмини якпарчагии Тоҷикистони маҳбуб такони тоза бахшид. Дар охир ба дастаи ҳунармандони шаҳри Истаравшан, барои баромадҳо аз рӯи 12 шарт, аз ҷониби ҳакамон 120 хол дода шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан
 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*