ДАРҲОИ КУШОД ДАР ҚИСМИ НИЗОМИИ 0202 БАХШИДА БА 28 – УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

23 феврали соли равон дар асоси нақша – чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр бахшида ба 28 – умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 0202 рӯзи дарҳои кушод доир гардид.
Дар чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Исомаддинзода Саидамин, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, аъзоёни Шӯрои ҷанговарони байналмилал, муҳофизони сохти конститутсионӣ, аскарону афсарон ва собиқадорони соҳа ширкат варзиданд.
Нахуст иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр афсарону сарбозони шуҷои ватанро бо 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, зикр намуд, ки тӯли 28 сол афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт, мактаби мардонагӣ ва муборизаву набардҳои сангин сарбаландона гузашта, барои ҳифзи обу хоки сарзамини аҷдодӣ ва ҳимояи дастовардҳои Истиқлолият хизмати содиқонаву арзандаи худро дар назди Ватан-модар адо намуда истодаанд.
Сипас аз ҷониби намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Исомаддинзода Саидамин номаи шодбошии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба саъми ҳозирин расонида шуда, фаъолон бо сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Дар рафти чорабинӣ баҳри болидахотирии афсарону сарбозон аз ҷониби аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат”-и шаҳр ва бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барномаи табрикотии тантанавӣ, аз қабили шеъру сурудҳо дар васфи Ватан – модар, намоишҳои ҳарбӣ ва саҳнаҳои ҳидояткунанда ба хизмати халқу Ватан намоиш дода шуд.
Дар фарҷом дастурхони идона барои сарбозони қисми низомии 0202 ороста шуд.
   

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*