Дар бораи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар шаҳри Истаравшан барои солҳои 2019-2021

аз “ __ ”__________        соли 201                       №__

 

Дар бораи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар шаҳри Истаравшан барои солҳои 2019-2021

 

Мутобиқи моддаҳои 19, 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, №94 «Дар бораи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2021», бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон, инчунин фароҳам овардани шароити иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилӣ барои рушди иҷтимоии ҷавонони шаҳр ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

  1. Қарори Раиси вилояти Суғд аз 22 апрели соли 2019, №179 «Дар бораи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар вилояти Суғд барои солҳои 2019-2021” ба иҷроиш гирифта шавад.
  2. Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар шаҳри Истаравшан барои солҳои 2019-2021 ва нақшаи маблағгузории чорабиниҳои он тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
  3. Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ҳамоҳангсози амалӣ гардонидани «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар шаҳри Истаравшан барои солҳои 2019 – 2021» ҳисобида шуда, дар ҳамбастагиҳо бо раёсату идораҳои дахлдор ҷиҳати татбиқи Барномаи мазкур дар доираи маблағҳои пешбинишуда тадбирҳои зарурӣ андешад.
  4. Шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, кор бо занон ва оила, бахшҳои муҳоҷират, фарҳанг, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раёсатҳои агентии давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, маориф, беморхонаи марказӣ, идораи телевизион ва радиои маҳаллӣ дар ҳамкорӣ бо Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр барои татбиқи нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
  5. Ба раёсати молия дар шаҳр супорида шавад, ки ҳангоми ташаккули буҷети маҳаллӣ барои солҳои 2019 – 2021 ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳои мазкур маблағҳои заруриро пешбинӣ намояд.
  6. Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр оид ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои мазкур ҳар сол моҳи декабр ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ахбор пешниҳод намояд.
  7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси шаҳр Наимҷонзода Нигора ва Мирсаидов Содиқ гузошта шавад.

 

 

И.в. Раиси  шаҳр                      Амирхон Қурбонзода

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*