Дар бораи эълон намудан «100 рӯзи ободонӣ ва созандагӣ»

 

 

 

 

 

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд

Раиси шаҳри Истаравшан

ҚАРОР

 

аз 31 майи соли 2019                         №206                            

  Дар бораи эълон намудан «100 рӯзи ободонӣ ва созандагӣ»

 

Мутобиқи моддаҳои 19, 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017 №968, баҳри истиқболи сазовор ва дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ таҷлил намудани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Истаравшан,            Қ А Р О Р  М Е К У Н А М:

 

1.Баҳри гиромидошти арзишҳои воло, тақвияти тафаккури созандаву бунёдкорона, истиқболи сазовор ва дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ таҷлил намудани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳр «100 рӯзи ободонӣ» эълон карда шавад.

  1. Ҳайати ситоди амалкунанда ва нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вобаста ба «100 рӯзи ободонӣ ва созандагӣ» тасдиқ карда шавад. (Замимаҳои 1 ва 2).
  2. Муовинони раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо, мудирони шӯъбаву бахшҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия вазифадор карда шаванд, ки ҷиҳати таъмини иҷрои талаботи дар нақша-чорабинӣ зикргардида барои дар ҷойҳо амалӣ намудани корҳои созандагӣ, кабудизоркунӣ ва ободонӣ чораандешӣ намоянд.
  3. Ба муовини Раиси шаҳр Наимҷонзода Н, сардори корхонаи фаръӣ-давлатии хоҷагии манзилию коммуналӣ барои иваз намудани паноҳҳо, шиору овезаҳо ва дигар маводҳои тарщиботӣ тадбирҳои судманд андешида, ҷиҳати саривақт амалӣ намудани он фаъолиятро густариш бахшанд.

 

 

  1. Муовинони Раиси шаҳр дар ҳамкорӣ бо воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия ва ташкилоту муассисаҳо барои таҳкими фаъолият, таъмини иҷрои нақшаҳои пешбинигардида, вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ ва дигар корҳои бунёдкорӣ    ва    ободонӣ   тадбирҳои    мушаххас андешида, онро мувофиқи матлаб ва дар мӯҳлатҳои

муқарраргардида таъмин намоянд ва аз натиҷаи корҳои амалигардида ҳар ҳафта бо замимаи аксҳо ахборот пешниҳод намоянд.

  1. Раисони ҷамоатҳои деҳот ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ барои ободу назаррабо намудани ҳудуд нақша-чорабиниҳо омода намуда, насби шиору овезаҳои тарщиботӣ, ҷалби аҳолӣ барои корҳои созандагӣ ва кабудизоркунӣ ҳамкориро бо сохторҳои марбута тақвият бахшанд.
  2. Воситаҳои ахбори умум барои тарщиби «100 рӯзи ободонӣ ва созандагӣ» маводҳои ҷолиби диққатро таҳия, нашр ва пахш намоянд.
  3. Назоратро аз ҷараёни иҷрои қарори мазкур ба зиммаи худ мегирам.

 

 

И.в Раиси шаҳр                    Амирхон Қурбонзода

 

 

 

 

 

 

 

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*