ДАР ДЕҲАИ СӮФИ-ОРИФИ ДЕҲОТИ “ЗАРҲАЛОЛ” ХАТИ ОБИ НӮШОКӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ДАР ДЕҲАИ СӮФИ-ОРИФИ ДЕҲОТИ “ЗАРҲАЛОЛ” ХАТИ ОБИ НӮШОКӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

2 сентябри соли ҷорӣ дар деҳаи Сӯфи Орифи деҳоти “Зарҳалол” бо иштироки Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода хати нави оби нӯшокиро ба истифода дода шуд.

Ба иттилоъи масъулин хати оби нӯшокӣ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси КВД “Хоҷагии манзилии коммунали”, МД “Сарраёсати тоҷикобдеҳот”, бо харҷи беш аз 1 миллиону 780 ҳазор сомонӣ кашонида шудааст. Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур аҳолии деҳа, беморхонаи минтақавӣ, Муассисаи таълимии миёнаи умумии №2 ва 1 бунгоҳи саломатӣ пурра бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин мегарданд. Оби нӯшокӣ аз ҷамоати деҳоти Пошкент тавассути қубури полиэтилении қутраш 163 миллиметра аз масофаи 7 километр ҷорӣ гардида, аз қубури асосии оби нӯшокӣ ба деҳаи Сӯфи-ориф дар ҳаҷми 22 литр об дар як сония дода мешавад.
Деҳаи Сӯфи-ориф дорои 8533 ҳазор нафар аҳолӣ буда, дар доираи амалӣ гардидани ин тадбири муҳим, аҳолии ҷамоати деҳоти “Зарҳалол” бо оби нӯшокӣ пурра таъмин карда мешаванд. Иқдоми мазкур дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии деҳот амалӣ гардидааст.
Таъмини оби тозаи ошомиданӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда дар идомаи татбиқи ташаббусҳои шоёни роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат зери таваҷҷуҳи пайваста қарор дошта, тайи солҳои охир бо татбиқи барномаҳои гуногун дар ин самт дастовардҳои зиёд ба миён омадааст.
Дар доираи иқдомҳои созандагии “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва омодагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилии чандинсолаи аҳолии деҳаи Сӯфӣ-Орифи деҳоти “Зарҳалол” ҳалли худро пайдо намуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*