ДАР ИСТАРАВШАН МАЙДОНИ КИШТИ КАРТОШКА ЗИЁД КАРДА МЕШАВАД

Бо мақсади иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба зиёд кардани майдони кишти картошка дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бо иштироки муовини раиси вилоят Зариф Назирӣ ҷаласаи корӣ доир гардид.
Дар ҷаласа ҷараёни омодагии кишоварзон ба мавсими кишт мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуда, таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаҳои картошкапарварӣ, махсусан зиёд кардани майдони кишт, дар сатҳи зарурӣ захира кардани тухмиҳои босифат, дар муҳлатҳои муқарраргардида омода кардани заминҳо, таъминнокӣ бо оби полезӣ нигаронида шуд.
Қайд гардид, ки дар соли 2021 дар ҳудуди шаҳру деҳоти Истаравшан маҷмуан кишти картошка ба майдони 3104 га ба нақша гирифта шудааст, ки аз он 2100 га дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, 934 га дар заминҳои наздиҳавлигӣ, 70 га кишти такрорӣ маҳсуб ёфта, нисбат ба соли гузашта 387 га зиёд мебошад. Барои кишти саривақтӣ 9312 тонна тухмӣ захира карда шудааст, ки нисбат ба эҳтиёҷот 11 тонна зиёд мебошад.
Дар рафти ҷаласа муовини раиси вилояти Суғд Зариф Назирӣ аз роҳбарияти шаҳр, масъулини идораи замин, кишоварзӣ, омор, раисони ҷамоатҳои деҳот ва дигар шахсони мутассаддӣ роҷеъ ба масъалаи баррасишаванда пурсиш карда, ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилояти Суғд вобаста ба зиёд кардани майдони кишти картошка супоришҳои мушаххас дод.
 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*