Дар Истаравшан майдони муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ бунёд мешавад

    19 январ Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Истаравшан бо лоиҳаи майдони муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ шинос гардида, ба бунёди қасри фарҳанг санги асос гузошт. Зимни муарифии лоиҳа иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди майдон муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ гузошта мешавад. Дар ҳудуди ин макони фарҳангиву истироҳатӣ ҳамзамон таваққуфгоҳ барои нақлиёт, фаввораҳо, айвонҳои миллӣ, пул, ошхонаву нуқтаҳои хизматрасонӣ, қаҳвахона, толор, майдони хурд барои бозиҳои футбол, баскетбол, теннис, шоҳмот, ҳавзи шиноварӣ, майдончаҳои варзишӣ барои кӯдакон, атраксионҳои гуногун бунёд хоҳад шуд.
    Раиси вилоят пас аз шиносоӣ бо лоиҳа барои такмили он ва оғози корҳои сохтмонӣ тавсияҳои судманд ироа дошт.
 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*