Дар майдони Нишони шаҳри Истаравшан чорабинии бошукуҳ баргузор гардид

Ба муносибати гусели наваскарон ба хизмати Ватан дар майдони Нишони шаҳри Истаравшан бо ҳузури Роҳбарияти шаҳр, намояндагони комиссарияти ҳарбӣ, афсарону сарбозон, волидони даъватшавандагон ва фаъолони шаҳр чорабинии бошукуҳ баргузор гардид. Нахуст иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзода наваскаронро бо ин рӯзи таърихӣ шодбош намуда, ба падару модароне, ки барои гусели фарзандони худ ташриф овардаанд, миннатдории самимии изҳор намуда, таъкид дошт, ки наваскарон, ҳамчун давомдиҳандагони кори насли калонсолон, хизмати Ватанро содиқона ба ҷо оварда, сиҳату саломат ба зодгоҳашон бармегарданд.
Сипас барои аввалин шуда иҷро кардани нақшаи даъват ба раисони ҷамоатҳои деҳоти Ниҷонӣ ва Зарҳалол тӯҳфаҳои раиси шаҳр тақдим карда шуд.
Аён аст, ки хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, мактаби мукаммали ҳаёт аст, ки ба онҳо дарси ҷавонмардиву шуҷоат омӯхта, ҷисману рӯҳан обутоб мебахшад.
Баъдан ҷавонони ихтиёрӣ ва падару модарон ба сухан баромада, баробари изҳори сипос ба ҷавонони даъватшаванда, аз дигар ҷавонони шаҳр даъват ба амал оварданд, ки дар сафи Кувваҳои мусаллаҳ хизмат намуда, қарзи шаҳрвандии худро сарбаландона иҷро намоянд.
Дар рафти чорабинӣ санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи ҷолиби консертиро ба ҳозирин пешкаш намуданд.
Гуфта шуд, ки дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 100 нафар сафарбар карда шуданд.

..

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*