Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба  100-солагии ХМК

Дар  маҷлисгоҳи МИҲД-и шаҳр, таҳти раёсати мувоини раиси шаҳр Фирӯз Ҳакимзода  маҷлиси тантанавӣ бахшида ба  100-солагии КВД ХМК доир гардид.

Дар маҷлис директори намояндагии ХМК вилояти Суғд Бойматов Фирдавс, намояндаи КВД ҶТ Иброҳимзода Рустам,  раиси кумитаи иттифоқи касабаи ХМК вилояти Суғд Олимҷон Қобилов, намоянда аз ҲХДТ дар шаҳр Қаҳрамон Маъмуров ва собиқадорони меҳнат иштирок дошта аҳли нишастро бо иди касбиашон табрик гуфтанд.

Қайд шуд, ки шаҳри Истаравшан дар қатори дигар шаҳрҳои кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ симои худро сол аз сол дигар намуда истодааст. Вобаста ба амри Президенти ҶТ аз 22-юми май соли 2018 «Оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ ва нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати шаҳр, ки аз 450 банд иборат аст, то ба имрӯз 212 иншоот мавриди баҳраҳардорӣ қарор гирифт ва дар зарфи  ду соли минбаъда дар назар аст, ки дар шаҳр сохтмони биноҳои баландошёна, муассисаҳои таълимӣ, марказҳову бунгоҳҳои тиббӣ, корхонаҳои саноатӣ, боғҳои фароғатӣ ва дигар иншоот ба истифода дода шаванд.

Дар охири ҷаласа ба фаъолони соҳа ва собиқадорон барои тақвият бахшидан ба соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ  ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*