Дар шаҳри Истаравшан боғи ниҳоли хуч бунёд гардид.

Дар шаҳри Истаравшан боғи ниҳоли хуч бунёд гардид.
Дар заминаи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати истифодаи самаранок ва ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида санаи 12 феврали соли равон аз ҷониби масъулини Хоҷагии ҷангали шаҳри Истаравшан аз ҳисоби заминҳои аз гардиши кишоварзӣ баромада ва партовгоҳ 4 гектар боғи ниҳоли хуч бунёд гардида, барои обёрии боғи ниҳолҳои хуч чоҳи амудӣ кофта ба истифода дода шуд, ки дар ҳар сония 10 литр об бароварда мешавад.
Хоҷагии ҷангали шаҳри Истаравшан 14500 гектар майдони умумӣ дошта, дорои 3 гектар ниҳолхона, 8533 гектар заминҳои истифодашаванда ва 1439 гектар заминҳои ҷангалпуш мебошад.
Масъулини Хоҷагии ҷангал аз иқдоми навбатии Пешвои муаззами миллат ҷиҳати аз андози ягона озод намудани заминҳои кишоварзӣ, ки дар Паёми навбатӣ ироа гардид, рӯҳбаланд гардида тасмим гирифтаанд, ки дар оянда боғи ниҳоли хуч васеъ карда шуда, боғи ниҳолҳои ҳамешасабзи ороишӣ аз қабили ниҳолҳои санавбар, арчаи шарқӣ, арда, ниҳолҳои себу бодоми талх ва сояафкани сада бунёд ва парвариш карда мешаванд.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*