Дар ҷамоати деҳоти «Пошкент» як тӯйхонаи замонавӣ бо номи «бобо Азим» сохта ба истифода дода шуд

Дар ҷамоати деҳоти «Пошкент» аз ҷониби соҳибкорони бурунмарзӣ як тӯйхонаи замонавӣ бо номи «бобо Азим» сохта ба истифода дода шуд, ки он бо сарфи як миллиону ҳаштсад ҳазор сомонӣ сохта шуда, дорои 10 ҷойи корӣ мебошад. Раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзода, Раиси суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – роҳбари гурӯҳи кории дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ашӯрзода Абдулҳафиз Абду ва муовини Раиси вилояти Суғд Баҳоваддин Баҳодурзода барои ифтитоҳи тӯйхона ташриф оварда, сараввал бо сокинони ҷамоат ва собиқадорони меҳнат ва ҷанг гуфтугӯ намуда онҳоро бо фарорасии иди Истиқлолият табрик гуфтанд. Мардуми ҷамоати деҳоти Пошкент аз ташрифи меҳмонони воломақом хеле хушҳол гардида бо нону асал ва рақсу суруд пешвоз гирифтанд. Баъдан меҳмонон аз дастранҷи ҳунармандони деҳоти мазкур дидан намуда бо деҳқонон, ҳунармандон ва пазандагони таомҳои миллӣ ҳамсӯҳбат шуданд.  Баъд аз ворид гаштан ба толори тарабхона, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзода  бо соҳибкорон оиди таъмири берунаи бино ва чароғонкунии он маслиҳатҳои худро пешкаш намуд

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*