Дар ҷамоати деҳоти «Чорбоғ» бинои идораи маъмурии ба истифода дода шуд

Дар ҷамоати деҳоти «Чорбоғ» бинои идораи маъмурии ҷамоат тавассути соҳибкорон сохта ба истифода дода шуд, ки он барои 15 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзода баъд аз гузоштани капсулаи рамзӣ, сокинони ҷамоатро бо фарорасии 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба соҳибкорон ва фаъолони ҷамоат, ки барои ободонӣ саҳм гузоштаанд ифтихорномаҳоро тақдим намуд. Баъдан меҳмонон ба дохили бинои ҷамоат ворид гашта аз утоқҳои корӣ, маҷлисгоҳ, қабулгоҳ ва ғайра боздид ба амал оварданд

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*