Ҷашни 75-солагии мавлуди собиқаӯдори ҷангу меҳнат, шахси барӯманди диёр Абдуваҳҳоб Қаюмов

Дирӯз бахшида ба ҷашни 75-солагии мавлуди собиқаӯдори ҷангу меҳнат, шахси барӯманди диёр Абдуваҳҳоб Қаюмов, дар толори МИҲД-и шаҳр чорабинӣ бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзода, намояндагони МИҲД-и вилояти Суғд ва собиқадорони ҷангу меҳнат доир гардид.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзода бо фарорасии ҷашни мавлуд Абдуваҳҳоб Қаюмовро аз сидқи дил муборакбод гуфта, тансиҳативу хонаободӣ ва умри дарозро таманно намуд. Сипас Турсунбой Раҳматов – раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд, Қурбон Тӯраев – нафақагир барои хизматҳои махсус дар назди ҶТ, Кароматулло Олимов – академик, Муним Холиқов – собиқадори ҳизбу меҳнат, Дӯстмуҳаммад Сабуров  – муовини сардори идораи нозироти андози ноҳияи Зафаробод, Мӯсо Олимов – котиби аввали Ҳизби коммунисти шаҳр, Насим Салимов – намояндаи раёсати маориф, Абдуҷалил Машарипов – раиси шӯрои собқадорони соҳаи тандурустӣ, Муаззама Абдуваҳҳобова – сармуҳаррири рӯзномаи «Афкори халқ», фазандону пайвандон ва дар хотима муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода ба сухан баромада соҳибҷашнро бо ин рӯзи фараҳбахш табрику таҳният намуданд.

Қайд шуд, ки Абдуваҳҳоб Қаюмов бо фаъолияти бисёрсолаи пурсамар дар ҷабҳаҳои омӯзгорӣ, вазифаҳои масъули ҳизбию давулатӣ, истеҳсолӣ, ҷамъиятӣ соҳиби эътибори баланд гашта, хизматҳои арзандааш аз ҷониби давлату ҳукумат ба таври шоиста бо ордену медалҳо, нишонҳои ифтихорӣ ва дигар мукофот қадр гардидааст.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*