ИДИ ГУЗАР ДАР КУМИТАИ МАҲАЛЛАИ “ВАҲДАТ” БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МОДАР

ИДИ ГУЗАР ДАР КУМИТАИ МАҲАЛЛАИ “ВАҲДАТ” БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МОДАР
Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва фарорасии Рӯзи Модар бо ибтикори шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар кумитаи маҳаллаи “Ваҳдат” чорабинии идона баргузор гардид.
Дар чорабинии идона растаҳои ҳунарӣ, таомҳои миллӣ, дастовардҳои меҳнатӣ ва маҳсули дастранҷи сокинони маҳаллаи мазкур ба намоиш гузошта шуда буд, ки ин гувоҳӣ аз арҷгузории сокинони шаҳри бостонии Истаравшан ба анъанаҳои миллии халқи тоҷик мебошад.
Нахуст мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Парвиз Зафарзода, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Муъминова, сардори маркази давлатии назорати санитарию эпидемиологӣ Зебунисо Раҳимова, мудири шуъбаи тарғибот ва иттилооти КИ Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар шаҳр Муаззама Абдуваҳҳобова, котиби аввали Кумитаи шаҳрии ҳизби комунистии Тоҷикистон Барно Ашрапова, мудири бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Шаҳло Назарова ва раисони кумитаи маҳаллаҳои шаҳр аз растаҳои ҳунарии ба маърази тамошо гузошташуда дидан намуда, ба ҳунару эъҷози донишҷӯёну сокинони маҳалла баҳои баланд доданд.
Зимни ифтитоҳи чорабинии расмӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Муъминова номаи табрикотии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ба муносибати Рӯзи Модарро ба саъми ҳозирин расонида, зикр намуд, ки боиси хушнудиву сарфарозӣ ва шукрона аз Истиқлолияти комилан устувори кишвари маҳбубамон Тоҷикистон мекунем, ки аз нуру таровати он дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ободиву сарсабзии Ватани азизамон ва шуҳрати дучандон дар арсаи байналмилал бори дигар собит сохтааст, ки мардуми сарбаланди тоҷик дорои нерӯи бузурги созандагию бунёдкорӣ, сулҳпарварию Ватандӯстӣ ва тараннумгарӣ дӯстиву рафоқат мебошад. Бо шукргузорӣ аз даврони истиқлолият ва тинҷию оромии кишвар боз ба диёри маҳбубамон санаи 8-уми март, ки воқеан дар ин рӯз мо яке аз зеботарин ҷашнҳои сол Рӯзи модарро таҷлил менамоем, фаро расида истодааст. Ин рӯзро ҳамасола мардум бо як эҳсоси гарм, қалби саршор аз меҳру муҳаббат ва хуштолеъ пешвоз мегиранд, зеро он ҷашни хоси занону модарони мо, яъне тарбиятгарони наслҳои башарият,офарандагони нуру зебоӣ ва покизагӣ мебошад. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки тоҷикон аз азал бо ҳунару ҳунармандии худ шуҳратёр гардида, барандагони фарҳанги хоси худ буданд. Иқдоми имруз роҳандозӣ гардида, қадами қатъӣ дар роҳи худшиносии миллӣ буда, баргузории чорабинии мазкур дар остонаи таҷлили Рӯзи Модар фоли нек мебошад.
Дар фарҷом фаъолон ва ҳунармандони моҳири кумитаи маҳаллаи “Ваҳдат” бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ карда шуда, чорабинии идона бо композитсияи адабиву мусиқии бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷамъбаст гардид.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*